Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз марзи 56,5 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз омода шудани тарҳи қариб 170 воксан хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори гирифторон ба вируси корона дар саросари олам ба 56 миллиону 563 ҳазору 840 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 167 ҳазору 069 нафар сироят шудаву беш аз 3 ҳазор тан фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ дар дунё 1 миллиону 354 ҳазору 806 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳамин лаҳзаҳо ...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Тибқи банди 4 қарор (дастурҳои протоколӣ) -и Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 "Дар бораи ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳо" ва бо мақсади иҷрои қарорҳо , 18 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон...

Баргузории ҳама гуна чорабиниҳои солинавӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

Роҳандозии корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кофарниҳон (ВИДЕО)

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат якҷо бо намояндагони ҳукумат, "ҶДММ Ёқут-2000" ва аҳолии маҳаллӣ дар деҳаҳо ва ҷамоатҳои атрофи шаҳр Ваҳдат корҳои муҳофизатӣ ва тоза кардани каналҳоро дар қитъаҳои хатарноки дарёи Кафарниҳон анҷом доданд.

КОВИД-19 ва сӯхтор. Дар оташсӯзии бемористоне дар Руминия 10 мубтало ба коронавирус ба ҳалокат расиданд

Дар сӯхтори бемористоне дар шаҳри Пятра-Нямси Руминия, ки гирифторони коронавирус бистарианд, 10 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора  Associated Press истинодан ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар дод.  Дар хабар гуфта мешавд, ки даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 7 тани онҳо ҳоли вазнин доранд. Аз зарар дидани як духтур ва ду ҳамшираи тиббӣ низ хабар дода шудааст.

Страницы