Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони арҷманд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бо фарорасии соли 2021 муборакбод мегӯяд! Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад! Саломатӣ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ насиби шумо ва наздиконатон!

Шодиҳои соли сипаришаванда дар Соли нави дома хоҳанд кард ва заминаи хуби амалҳои нав, дастовардҳо ва пирӯзиҳои ҷолиб хоҳанд гашт. 

Хоҳони онем, ки дар ин рӯзҳо шумо дар иҳотаи дӯстону пайвандон ва наздиконатон хоҳед буд ва бигзор гармии хонадон шуморо аз ҳама офатҳову нохӯшиҳо ҳифз кунад! 

Бигзор дар Соли Нав ба ҳама орзуҳои неку ширинатон бирасед!

Соли Нав бо кӯлбори хушбахтиҳои беинтиҳо меояд ва бадиҳоу нохӯшиҳои гузашта дар гузашта хоҳанд монд!

Сол нав мешавад ва зиндагӣ идома хоҳад кард!

Ба ҳамаи Шумо ва пайвандону азизонатон хушбахтиҳо ва саломатӣ хоҳонем!

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК!!!

барчасп: