Пажӯҳиш: . Наздик ба 18% сироятшудагон ба COVID-19 афроде ҳастанд аз 65-сола боло, 8% кӯдаконанд
Чоп шуд: 17/11/2020 | admin
Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 55 миллиону 349 ҳазору 611 нафар расид. Зарфи 24 соати гузашта боз 154 ҳазору 185 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 239 нафар ҷон бохтанд. Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам 1 миллиону 332 ҳазору 328 нафар эълон шуд. Беш аз 43% ҳодисаи сироят ба вирус дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (230 670) ба қайд гиифта шудааст.