Коронавирус то 5 октябри соли 2020: Шумори мубталоён дар олам аз 35 миллиону 406 ҳазор гузашт. Туркия воксани тавлиди ватаниро озмоиш мекунад
Чоп шуд: 05/10/2020 | admin
Субҳи имрӯз, 5 октябри соли 2020 эълон шуд, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар саросари олам ба 35 миллиону 406 ҳазору 974 нафар расид. Аз ин вирус аз оғоз то ба имрӯз 1 миллиону 41 ҳазору 893 нафар ҷон бохтаанд. Дар як шабонарӯзи гузашта 1 467 нафар дар кулли кишварҳои олам фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 26 миллиону 631 ҳазору 848 нафар расидааст.