Ширкати Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Кӯлоб

Тибқи банди 4 Қарори Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода идома доранд, ки дар онҳо роҳбарон ва кормандони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат мекунанд.

Чунончӣ, рӯзҳои 21-22 декабри соли 2020, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, инчунин дар ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Роғун ҷаласаҳои комиссияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуданд.

Дар ҷаласа раисони ноҳияҳо ширкат варзиданд, ки дар он ҳисоботҳо дар бораи омодагии хидматрасонӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, инчунин омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳо дар мавриди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар баҳори соли 2021 шунида шуданд.

барчасп: