Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 23 декабри соли 2020 шумори мубталоён ба коронавирусро 78 миллиону 366 ҳазору 708 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам боз 238 ҳазору 852 нафар гирифтори КОВИД-19 шуданд. Бар асари ин беморӣ дар саросари олам то кунун 1 миллиону 724 ҳазору 050 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар бемористонҳои кишварҳои ҷаҳон ҳоло 106 ҳазору 392 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. То кунун аз ин беморӣ 55 миллиону 128 ҳазору 966 нафар пурра муолиҷа шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишвар ба 13 034 нафар расидаву, шабонарӯзи гузашта боз 36 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд. Аз он 12 496 (95,9%) нафар пурра шифо ёфтаву 89 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Панҷгонаи кишварҳое, ки аз ҳама бештар сироятшуда ба КОВИД-19 доранд:
ИМА 18 684 628
Ҳиндустон 10 099 308
Бразилия 7 320 020
Русия 2 906 503
Фаронса 2 490 946
ИМА дар маргумир аз коронавирус низ дар олам дар ҷойи аввал аст. То кунун аз ин беморӣ дар Амрико 330 ҳазору 834 нафар ҷон бохтаанд.
Бразилия бо 188 285 марг дар ҷойи дуюм аст.
Шумори фавтидагон аз КОВИД-19 дар Ҳинд 146 476 нафар эълон шудаву мақомот гуфтаанд, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар боз 600 нафар ҷон додаанд.
Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА дар як гузориши таҳлилӣ гуфтааст, ки ҳар садумин сокини Сайёра ба SARS-CoV-2 гирифтор шудааст.
Профессори Мактаби биологияи системавии Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Анча Баранова гуфтааст, ки муолиҷаи коронавирус боиси мутатсияи он мешавад.
Таҳлилгарон дар Эквадор гунаҳои мухталифи COVID-19-ро пайдо кардаанд, ки яке аз онҳо метавонад сабабгори авҷи беморӣ дар кишвар шавад. Вале ин гунаҳои нав бо он чизе, ки дар Британияи Кабир пайдо шудааст, умумияте надоранд, хабар додааст Донишгоҳи Эспириту Санто. Донишмандони ин кишвар беш аз 2,5 ҳазор намунаи генетикиро аз 22 вилояти мамлакат нигаҳдорӣ мекунанд, ки ин имкон додааст штамми вирус дар ҳар шаҳрро муайян намоянд.
Дар Дания муайян кардаанд, ки мутатсияи ошкоршудаи коронавирус метавонад самароварии воксанҳои таҳияшударо коҳиш диҳад. Аммо Бразилия гуфтааст, ки то кунун наметавонад ҳақиқати илмии ин гуна таҳлилҳоро пайдо кунад.