Ҳавои камбориши рӯзҳои оянда. Аммо туман боқӣ мемонад. Лағзиши тарма эҳтимол дорад. Эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 26 декабри соли равон ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд камбориш мешавад, дар кӯҳҳо барф меборад. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо то 10 дараҷа гарм мешавад, вале дар  кӯҳҳо ҳавои сард дар назар дошта шудааст.

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Душанбе – Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон,  ҳамчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод бозанд. 

Ба сабаби гармии ҳаво рӯзҳои оянда эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Бидур-Вер (қисмати ғарбии ВМКБ) ва роҳи Душанбе-Хуҷанд (аз мавзеъи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб то ағбаи Шаҳристон) вуҷуд дорад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагон мерасонад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ бениҳоят эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ба фосилаи байни мошинҳо диққат диҳанд.     

Ҳамчунин ба ронандагони навкор ёдрас мекунем, ки дар аксари роҳҳои кӯҳӣ туман боқӣ мемонад.

Эҳтиёт кунед!

барчасп: