18 нафар аз ҷумлаи маллоҳони як киштии моҳидории Русия дар бандари Норвегия ба вируси корона сироят шудаанд. Як тани онҳо фавтидааст

18 нафар аз ҷумлаи ҳайати як киштии моҳидории Русия, ки дар бандари шаҳри Бергени Норвегия таваққуф карда буд, ба вируси корона гирифтор шудаанд. Бино ба гузориши ТААС - хабаргузории давлатии Русия як тан аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Хадамоти матбуотии бандари ёдшуда ин хабарро тайид кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин киштӣ рӯзҳои истироҳат вориди ин бандар шуд ва дар он 34 нафар савор буданд, ки 18 нафари онҳо ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Духтури муолиҷ  Эгила Бувима дар Берген гуфтааст, ки ҳоло вазъ зери назорат аст. Онҳое, ки сироят шудаанд, аз дигарон ҷудо карда шудаанд ва бо ҳамдигар иртибот надоранд. Қарор аст ин траулер то анҷоми муҳлати карантин дар ин бандар бимонад ва ба он иҷозаи ҳаракат дода нахоҳад шуд. 

ТАСС истинодан ба Сафорати ФР дар Норвегия хабар додааст, ки ин ҷо сухан аз киштие меравад, ки соҳиби он СПК РК "Мурман" мебошад. Ҳамаи сарнишинони он шаҳрвандони Русия мебошанд. 

Ҷасади маллоҳи фавтидаро рӯзи 18 декабри соли равон  барои интиқол ба Русия супурдаанд.

барчасп: