Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Сафири Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

28 декабри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран мулоқот кард.

Зимни мулоқот сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаноби Тарранро бо муносибати Сафир дар кишвари мо таъин шуданаш муборакбод кард  ва ба меҳмони олиқадр дар бораи корҳое, ки дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар гузаронида мешаванд, инчунин дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон дар ин самт нақл кард.

 Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ карданд, инчунин ҳамкориҳои ояндаро дар  таълим, омӯзиш ва бозомӯзии кормандони Кумита, масъалаҳои беҳтар намудани заминаи моддию техникии КҲФ пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии ҷаҳон муҳокима карданд.

Дар ин дидор атрофи ҳамкориҳои дигари эҳтимолӣ ҷиҳати таҳкими КҲФ ва ғайра низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

барчасп: