28 декабри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо директори минтақавии Caritas Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шинан Н.Кассам мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо татбиқи минбаъдаи фаъолиятҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум и ҳамкорӣ дар самти омодагӣ, бартараф ва коҳиш додани хатари офатҳои табииро, ки охири соли 2019 байни КҲФ ва Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, онҳо масъалаи расонидани кӯмаки техникӣ ба КҲФ-ро дар таъмини тухмӣ ва нуриҳои минералӣ барои истеҳсоли гандум ва дигар зироатҳо дар 30 гектар замин, ки дар оянда барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида истифода хоҳанд шуд, барарсӣ карданд.
Таъкид шуд, ки Кумита ин иқдомро дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Хатлон амалӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дарозмуддат, муассир ва мутақобилаи судмандро дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ тавассути истифодаи усулҳои гуногуни муассир дар коҳиши хатари офатҳо идома диҳанд.