Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 81 миллиону 673 ҳазору 280 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта ба ҷамъи мубталоён боз 201 ҳазору 401 нафар пайвастаанд. Бар асари ин беморӣ 1 миллиону 781 нафар ҷон бохтаанд. То кунун дар саросари олам 57 миллиону 799 ҳазору 595 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори мубталоёни ба КОВИД-19-ро 13 237 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ 90 нафар ҷон бохтанд ва 12 796 нафар шифо ёфтанд. Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои дорои КОВИД-19 дар ҷойи 118 мебошад.
Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар доранд:
ИМА – 19 781 624
Ҳинд - 10 224 797
Бразилия – 7 506 890
Русия – 3 078 035
Фаронса - 2 562 646
Британияи Кабир - 2 329 730
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 150 ҳазор сироятшудаи нав ба коронавирус ошкор шуд.
Британияи Кабир аз сирояти боз 41,3 ҳазор нафар ба КОВИД-19 хабар дод ва ин болотарин сатҳи сирояти шабонарӯзӣ аз оғози ҳамагирӣ мебошад.
Ҳашт нафар аз ҷумлаи кормандони хонаи пиронсолон дар шимоли Олмон иштибоҳан вояи панҷкаратаи воксани тавлиди ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро гирифтаанд.
Духтурони Италия гунаи нави вируси коронаро ошкор карданд, ки шабеҳи штамми вируси кашфшуда дар Британияи Кабир мебошад.
Навъи нави коронавирус, ки ба андешаи олимони британиёӣ нисбатан хатарноктару зараровартар аст, дар 11 нафар сокини Нидерландия кашф шудааст.
Дар Туркия зарфи 24 соати гузашта дар натиҷаи роҳандозии 180 892 тест ба коронавирус 15 197 сироятшудаи нав ошкор шудааст.
Ҳинд баъди ҳамагирии коронавирус метавонад қоидаҳои вуруди хориҷиён ба ин кишварро бо раводиди сайёҳӣ шадидтар кунад.
Дар Ҷопон шатамми нави коронавирус аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро ошкор кардаанд. То кунуни ба гунаи нави вирус ҳафт нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки шаш нафари онҳо ахиран аз Британияи Кабир омада буданд.
Дар шаҳри Вуҳони Чин эмкунӣ бар зидди коронавирус барои гурӯҳи муайяни аҳолӣ оғоз шудааст. Коронавирус бори аввал охири соли гузашта маҳз дар ҳамин шаҳри Чин пайдо ва аз он ба кулли олам паҳн гардид. Ҳукумати Чин ахиран ду воксан бар зидди COVID-19 бо номҳои Sinopharm ва Sinovacро ба қайд гирифт.
Зафи як шабонарӯзи гузашта дар 84 минтақаи Русия 27 787 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мубталоёни нав дар 24 соати гузашта бештар дар шаҳрҳои Москав (6 253), Санкт-Петербург (3 748), вилоятҳои Москав (1 606), Нижегород (502) ва Свердлов (404) буданд.
Қазоқистон аз сирояти боз 733 нафар ба КОВИД-19 хабар дод.
Аз аввали ҳамагирӣ дар Қирғизистон 80 535 нафар чун сироятшуда ба Covid-19 сабт шудааст. Сатҳи маргумир аз коронавирус 1,68% гуфта шудааст.
Шумори гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистонро Вазорати тандрустии ин кишвар 76 832 (+81) эълон намуд. Ин манбаъ гуфт, ки 97% сироятшудагон шифо ёфтанд.