Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент доир шуд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд​ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид​ ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Муҳаммадҷон Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, муовинони раиси шаҳр,​ азоёни Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони хадамоти мудофиаи гражданӣ, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти шаҳр иштирок доштанд.

Нахуст Шавкат Бобозода-муовини Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021, маърӯза намуда, оид ба имконият ва захираи маводи зарурӣ барои зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр​ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас майор Парвиз Амонзода сардори шӯъбаи​ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент  дар мавриди омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда ба мавсими баҳори соли 2021 суханронӣ кард. Вай зикр намуд, ки  бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавзеъҳои эҳтимолии рух додани селу обхезиҳо корҳои пешгирикунанда гузаронида шуда, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар  ҷаласа полковник Муҳаммадҷон Салимзода - муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки аз 68 шаҳру навоҳии дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳри Панҷакент низ яке аз ноҳияҳое ба шумор меравад, ки ҳар сол ҳолатҳои фавқуллодаи хусусияти табиӣ дошта зиёд рух медиҳанд.​ Барои ҳамин​ аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда, ҳар сол тибқи дастури Комиссияи давлатӣ масолеҳи сохтмонии зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Дар навбати худ бояд бо ҷалби қувва ва воситаҳо дар минтақахои осебпазири шаҳр корҳои соҳилбандӣ ҷоннок карда шавад.
Дар охир иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода суханронӣ кард. Вай гуфт, ки  аз ҷониби Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулодда тамоми корҳои пешгирикунанда андешида шуда истодааст ва зери назорати доимӣ қарор дода шудааст. Дар навбати худ​ дар мавсими сармо сохторҳои дахлдор, масъулин алалхусус шӯъбаи маориф, корхона ва ташкилотҳо бояд ҳамаҷониба омодагӣ дида,​ барои таъмини бехатарии сокинон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастгириҳо дар ҳолатҳои фавқуллода изҳори сипос намуд.

 
Шахзодабону Нуриддинзода