Ҷамъомади омӯзиши-методӣ дар КҲФ

Дар ҳудуди яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Қаратоғ, машғулиятҳои дурӯза бо ҷалби фармондеҳон ва муовинони фармондеҳон оид ба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбии Кумита баргузор шуданд.

Ин чорабинӣ пеш аз оғози соли нави таҳсил бо мақсади гузоштани вазифаҳо оид ба ташкили кор дар ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар ҷараёни машқҳои омӯзишӣ ва методӣ, мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ" шарҳ дода шуданд, татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 баррасӣ шуд, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳарбӣ-сиёсӣ дар сол таҳлил карда шуданд, масъалаҳои қоидаҳо ва талаботи умумӣ оид ба амнияти хидмати ҳарбӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи Кумита, ташкили иттилоотию таблиғотӣ ва корҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра барарсӣ шуданд.

Вазифаи асосии таълимӣ иборат аз он аст, ки ба фаъолиятҳо дар коллективҳои ҳарбӣ дуруст диққат дода шаванд, ба онҳо донишҳои навро дар соҳаи дастгирии маънавию равонии тайёрии ҷангӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ дода шуда, имконият диҳем, ки таҷрибаи андӯхта мубодила шавад. 

барчасп: