Туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат ба хизматчиёни ҳарбии КҲФ расиданд

Дар арафаи иди Соли нав бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳо ва созмонҳои низомӣ, курсантони муассисаҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозон ва афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҳалок шудаанд, аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.

Дар қатори дигар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба сарбозони қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Чунончӣ, рӯзи 29 декабри соли 2020, дар яке аз қисмҳои низомии КҲФ, бо иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай ва роҳбарияти КҲФ ба сарбозон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.