Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои сард дар аксари минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон то 11 январи соли 2020 шабона боқӣ мемонад. Ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-17 то 16-21 шабона, дар шарқи ВМКБ шабона 36-41, рӯзона 20-25 хунук (дар минтақаи Булункӯл шабона 50-52 шабона, рӯзона 33-35 сард) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфи сабук ва дар баландкӯҳҳо бориши шадид дар назар аст.
Коҳиши ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо, ноҳияҳои наздикӯҳӣ, роҳу ағбаҳо хатари яхбандиро зиёд мекунад. Ғайр аз ин тумани ғафси субҳгоҳӣ низ дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин иртибот КҲФ барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд.
Кумита бо муроҷиат ба сокинони доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро барои ҳезумчинӣ нафиристанд ва дар мавсим либосҳои гарм пӯшанд. Ҳангоми гарм кардани биноҳои истиқоматӣ барои пешгирӣ аз хатари заҳролуд шудан аз оксиди карбон ба такрор дудбароҳоро санҷед, онҳоро сари вақт аз ҳар гуна дудаву ифлосиҳо тоза кунед.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави саломатии худи Шумост!