Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Борон то 15 ноябр хоҳад борид. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунед!
Чоп шуд: 12/11/2020 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бориши борон то 15 ноябри соли 2020 идома меёбад, ҳамзамон дар баландкӯҳҳо, махсусан дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр ин борон ба барфи тар табдил меёбад. Шабона ва субҳгоҳон ҳавои сард дар минтақаҳои кӯҳӣ сабаби...