Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯри бо ҳайати роҳбарикунандаи хоҷагиҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, баргузор шуд.
Мутахассисони Раёсат дар мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ» корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ карданд. Бобати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводҳои хӯрока, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, яхобмонии дарахтон, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар давоми соли ҷорӣ, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон оид ба боридани борон, тағйирёбии боду ҳаво ва хунукию гармиҳои дар пешистодаро дар ситоди доимоамалкунандаи ҷамоти шаҳрак баррасӣ намуда, кору фаъолияти худро боз ҳам дар ин самт пурзӯртар намуда, баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат вохӯриҳо гузаронида шавад.
Дар идомаи вохӯрӣ аз вазъи кунунии мавзеъҳои хатарнок ва осебпазир якҷоя бо аъзои ситоди шаҳрак дидан карданд, доир ба пурзӯр намудани кор дар ин сатм дастурҳои методӣ дода шуд.
Ҳикматулло Амонов
Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, майор