Роҳандозии корҳои таблиғотии зидди короновирус дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19), иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон аксияи «Эҳтиёт-барои ҳаёт» баргузор гардид.

Баррасии масъалаҳои COVID-19 дар ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ дар Суғд

7 апрели соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои якҷояи пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки намояндагони ташкилотхои байналмилалии муқими вилояти Суғд Актед, Барномаи озуқавории Созмони миллати муттаҳид, Орхус, Хелветас, Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ баргузор гардид.

Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 14 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврал то  8 апрел  7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 5 ҳазору 243

Омори нав оид ба COVID-19. Дар ҷаҳон зиёда аз 308 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба навъи нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 446 ҳазору 983 нафар расид. Теъдоди фавтидагон аз 83 ҳазор нафар гузашта, шумораи беморони шифоёфта беш аз 308 ҳазор нафар гардид. Оид ба ин теъдод  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти нави СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида...

COVID-19 дар ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 7497 ва дар Ӯзбекистон ба 472 нафар расид

Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 1154 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19, дар Украина – 143, Арманистон — 20 ва Ӯзбекистон – 15 ҳолат ошкор шуда, шумораи онҳо дар ин давлатҳо мутаносибан ба 7 497, 1 462, 853 ва 472 нафар расид.

Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 6343 нафар, Украина – 1319, Арманистон – 833 ва Ӯзбекистон...

Страницы