Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба навъи нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 446 ҳазору 983 нафар расид. Теъдоди фавтидагон аз 83 ҳазор нафар гузашта, шумораи беморони шифоёфта беш аз 308 ҳазор нафар гардид. Оид ба ин теъдод Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти нави СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 400 ҳазору 549 ҳолат тасдиқ шудааст. Имрӯз дар ИМА 214 ҳолати нав ошкор шуда, теъдоди фавтидагон 12 ҳазору 857 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Испания нисбат ба Италия сироятёбӣ бештар аст. Дар он 146 ҳазору 690 ҳолат тасдиқ шудааст. Давоми рӯз дар Испания 4748 ҳолати нав ошкор шуда, шумораи умумии фавтидагон 14555 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Италия шумораи мубталоён 135 ҳазору 586 нафар ва теъдоди фавтидагон 17 ҳазору 523 нафар мебошад. Дар Франсия 109 ҳазору 69 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 10 328 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 107 ҳазору 663 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 2 016 мебошад.
Дар Чин 81 ҳазору 802 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 62 ҳолати нав ошкор гардид. Дар кишваре, ки дар он ин беморӣ хуруҷ кард, 3333 нафар вафот кардаанд. Дар Чин давоми рӯз ду ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 67 ҳазору 268 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 3 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 55 ҳазору 242 нафар ва дар Туркия – 34 ҳазору 109 нафар мебошад. Миёни давлатҳои Аврупо афзоиши шумораи мубталоён дар Белгия низ ба назар мерасад. Давоми рӯз дар ин давлат 1209 ҳолати нав ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии мубталоён дар он 23 ҳазору 403 нафарро ташкил медиҳад.
Миёни кишварҳои ИДМ шумораи зиёди шахсони аз коронавирус сироятёфта дар Россия ба қайд гирифта шуда, 8672 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар он шумораи беморони шифоёфта 580 нафар ва фавтида 63 нафар мебошад. Баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар Украина — 1668 нафар, Беларус — 1066, Молдова — 1056, Арманистон — 881, Озарбойҷон — 717, Қазоқистон — 709, Ӯзбекистон — 534 ва Қирғизистон — 270 нафар ба қайд гирифта шудааст.
То имрӯз дар байни давлатҳои аъзои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 нафари онҳо шифо ёфта, 14 тани дигар вафот кардаанд.
Теъдоди мубталоён дар АМА 2359 нафар буда, дар он 12 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Қатар 2 057 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 6 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 94 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 1450 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1122 нафар ва шумораи фавтидагон 65 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 5 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 811 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 1 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 855 нафар сироят ёфтаанд. Аз миёни давлатҳои арабӣ шумораи камтари мубталоён дар Сурия (19 ҳолати сироятёбӣ ва 2 ҳолати фавт) ва Лубнон (20 ҳолати сиротяёбӣ ва 1 ҳолати фавт) низ мушоҳида мешавад.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.