Роҳандозии корҳои таблиғотии зидди короновирус дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19), иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон аксияи «Эҳтиёт-барои ҳаёт» баргузор гардид.

Аксияи мазкур аз ҷониби афсарони шўъба ва бахшҳои Раёсат ташкил ва гузаронида шуда, дар рафти он варақаҳои иттилоотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНИСЕФ омода шудааст дар даромадгоҳҳои мағозаҳо, дорухонаву, ошхонаҳо, хонаҳои баландошёна, истгоҳҳои хиёбони Рифъат Хоҷиев ва маҳаллаи 32 насб карда шуданд, китобчаҳои иттилоотиву буклетҳое, ки аз ҷониби маркази идоракунии ҳолатҳои бўҳронии Раёсат таҳия карда шудааст дар байни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Инчунин ташкилкунандагони аксия аз шахсони масъули мавзеъҳои мазкур даъват ба амал оварданд, ки ҳамарўза дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шаванд, маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус баланд бардошта шавад.

Корҳои таблиғотӣ дар ин самт идома доранд.

 

Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилоят, лейтенант 

барчасп: