Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 1154 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19, дар Украина – 143, Арманистон — 20 ва Ӯзбекистон – 15 ҳолат ошкор шуда, шумораи онҳо дар ин давлатҳо мутаносибан ба 7 497, 1 462, 853 ва 472 нафар расид.
Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 6343 нафар, Украина – 1319, Арманистон – 833 ва Ӯзбекистон – 457 нафар буд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст, шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, дар Молдова 965 нафар, Беларус – 700, Озарбойҷон – 641, Қазоқистон — 670 ва Қирғизистон — 228 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар баробари зиёдшавии гирифторон дар ҳамаи ин давлатҳо афзоиши шумораи беморони шифоёфта низ ба назар мерасад. Масалан, то имрӯз дар Россия 494 нафар, Арманистон — 87, Беларус — 53, Қазоқистон — 47, Озарбойҷон — 44, Молдова — 37, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Россия 58 ҳолат, Украина – 45, Молдова – 21, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон — 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 56 нафар зиёд шуда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 каси онҳо шифо ёфта, 11 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 349 ҳазору 784 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 74 ҳазору 820 нафар вафот карда, 286 ҳазору 664 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 412 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (367 650 нафар), Испания (136 675), Италия (132 547), Германия (103 375), Франсия (98 010), Чин (81 740), Эрон (60 500), Британияи Кабир (51 608), Туркия (30 217) ва Швейтсария (21 712) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар дар Чин — 77 167 нафар, Испания – 40 437, Германия – 36 081, Эрон – 24 236, Италия – 22 837, ИМА – 19 810, Франсия – 17 250, Швейтсария – 8 056, Кореяи Ҷанубӣ – 6 694 ва Белгия – 3 986 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (16 523 нафар), Испания (13 341), ИМА (10 943), Франсия (8 911), Британияи Кабир (5 373), Эрон (3 739), Чин (3 331), Нидерланд (1 867), Германия (1 810) ва Белгия (1 632) дохил мешаванд.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.