7 апрели соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои якҷояи пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки намояндагони ташкилотхои байналмилалии муқими вилояти Суғд Актед, Барномаи озуқавории Созмони миллати муттаҳид, Орхус, Хелветас, Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина вобаста ба вазъияти дар ҷаҳон ва Омиёи Марказӣ ба амал омада бар асари густариши вируси короно ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин оид ба чораҳои пешгирикунанда вобаста ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ахбор дода, аз иштирокчиёни ҷаласа хоҳиш намуд, ки вобаста ба захираи маводҳои безараргардонии зидди эпидемикӣ, воситаҳои ҳифзи пўст, роҳи нафас пешниҳодҳо намоянд.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд Икромов Н. оид ба вазъияти ба амал омада ва талабот ҳангоми бартараф намудани ҳолати фавқулодда дархости худро пешниҳод намуд.
Намояндагони созмонҳоии байналмилалӣ пешниҳодҳоро қабул намуданд ва изҳор доштанд, ки дар ин бора бо мақомоти м рабутаи худ маслиҳату машварат хоҳанд кард.
Дар охир қарор шуд, ки ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ на кам аз 1 маротиба дар 10 рўз гузаронида шавад.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
лейтенант