COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 67,5 миллион наздик шудааст. Ҳукумати Қирғизистон маҳдудиятҳо ба вуруди хориҷиён аз тариқи ҳавопаймоҳоро лағв кард
Чоп шуд: 07/12/2020 | admin
Шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 67 миллиону 445 ҳазору 940 нафар расид. Аз ин беморӣ 1 миллиону 542 ҳазору 679 нафар ҷон бохтанд. Теъдоди муолиҷашудагон 46 миллиону 636 ҳазору 129 нафар эълон шудааст. Ҳоло дар бемористонҳои олам 106 ҳазору 233 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Шабонарӯзи гузашта боз 39 сокини Тоҷикистонро чун мубтало ба COVID-19 ба қайд гирифтанд.