Инфиҷори як баллони газ дар ошхона ҷони 23 нафарро дар хатар гузошт. Шарҳи расмӣ

Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат рӯзӣ 25 январи соли равон бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин гузориш шудааст.

Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд.

Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.

 Аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинони кишвар хоҳиш мекунад дар ин фасли сармо дар истифода аз баллонҳои гази моеъ эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бубинед, як бэҳтиётӣ ҷони чандин нафарро дар хатар гузошту 23 хонаводаро дар ғам нишонд.

Ҷони худу ҷони атрофиёнатонро эҳтиёт кунед. Бахусус, соҳибони ошхонаву тарабхонаҳое, ки аз гази моеъ истифода мекунанд, батаваҷҷуҳ бошанд ва кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Шоҳзодахон Бутаева

МАТОЛИБИ ҲАМСОН: