Олам дар остонаи як фалакати ахлоқӣ қарор гирифтааст, гуфт Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейсус. Соҳибмақоми СҶТ дар бораи наҳваи тақсими воксан дар ҷаҳони муосир изҳори назар кард ва гуфт, ки ҳоло чунин ба назар мерасад кишварҳои қудратманду пешрафта бештар талош доранд аввал сокинони худро таъмин кунанд.
Гебрейсус ахиран дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурстӣ бахшида ба ташаббуси COVAX, ки қарор аст воксанро миёни кишварҳои фақир ва камсармоя ройгон тақсим кунад, суханронӣ кард. То кунун 80 кишвари олам барои ширкат дар барномаи ёдшуда изҳори омодагӣ кардаанд. Дар миёни онҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Эстония, Арманистон ва ғайра ном бурда мешавад.
Аммо бино ба гуфтаи Гебрейсус кишварҳои мутараққӣ дар навбати аввал талош доранд аввал сокинони худро бо воксан таъмин созанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, то кунун 39 миллион воя аз воксанҳои тавлидшуда миёни 49 кишвари ҷаҳон тақсим шуда, ин дар ҳолест, ки як кишвари фақир танҳо 25 вояи истифода дарёфт кардааст.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки то кунун Чин, Британия, Амрико, Русия ва Ҳинд кишвраҳое ҳастанд, ки муваффақ дар тавлиди воксани муассири корона шудаанд ва тақрибан ҳамаи онҳо авлавиятро ба масрафи дохилӣ додаанд.