Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, бо иштироки сармутахассиси Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далершо Ҳусейнов ҷаласаи ҳайати мушовара дар бораи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ ва хизматӣ барои соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои минтақавӣ ва шӯъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат варзиданд.
Раиси Кумита дар расми ифтитоҳи ҷаласа зикр намуд, ки ҳарчанд давраи гузаштаи 2020 барои кишвар осон набуд, аммо кормандони Кумита тавонистанд сари вақт ба аҳолии зарардида кумаки ҳамаҷониба расонанд, иқтидори техникии Кумита ва сатҳи касбии кормандонро баланд бардоранд. Вай инчунин тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ қайд кард.
«Мо ба шарофати кори фаъолона муваффақ шудем, ки дар он на танҳо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ширкат варзанд. Вокуниши сареъ ва ташкили ҳамкорӣ буд, ки кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида саривақт расонида шуд. Барои коҳиши паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Инчунин, бо техникаи махсуси Кумита маводҳои сохтмонӣ барои бартараф намудани паёмадҳои офтаҳои табиӣ ва роҳандозии корҳои соҳилбандӣ ба минтақаҳои дахлдор расонида шуданд”, - гуфт сарвари КҲФ.
Фаъолияти ду Сарраёсати Кумита, ки дар соли 2020 ба иштибоҳу хатоҳо роҳ дода буданд, зери танқид гирифта шуд.
Дар сухани ҷамъбастии худ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода таъкид кард, ки корҳои муштарак бо тамоми вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда идома хоҳанд ёфт. Сардори идораи наҷоти кишвар инчунин дар бораи аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт изҳори назар намуд.
"Бо тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соли 2020 барои такмилу муҷаҳҳаз кардани бахшҳои садамавиву наҷот бар пояи Созишномаҳои баимзорасида, воситаҳои махсуси техникӣ ба ихтиёри Кумита таҳвил дода шуданд, ки бешак сифати корҳои наҷотро беҳтар мекунапнд”, - таъкид намуд раиси КҲФ.
Дар ҷараёни коллегия барои соли 2021 вазифаҳои гузошта шуданд, самтҳое, ки бояд корҳо таҳким дода шаванд, муайян карда шуданд.
Дар охири ҷаласаи Коллегия дар мавриди татбиқи самарабахши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хтари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 маълумоти муфассал ироа шуд.