Имдодгарон дар маҳалли суқути ҳавопаймои Боинг – 737-524 дар баҳри Ҷова шикастапораҳои филизӣ, қисмҳои ҷасади одамон ва либосҳоро пайдо карданд. Дар ин бора Associated Press истинодан ба шахсони расмӣ иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки ҳоло корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Сарвари Агентии миллии ҷустуҷӯ ва наҷот Багус Пурухито гуфтааст, ки ин бозёфтҳо дар ҷазираҳои Ланканг ва Лаки, ки дар маҷмаъаҷазираҳои Серибу ҷойгиранд, пайдо шудаанд.
«Мо бовар дорем, ки ин ҳавопаймо маҳз дар ҳамин минтақа сарозер шудааст, - гуфтааст маршали авиатсияи Индонезия Ҳодӣ Тядҷанто. Ба гуфтаи вай ниҳоди зери тобеъи ӯ аз ғаввосон иттилоъ гирифтааст, ки ҳолати об поку рушану тоза аст ва ин имкон медиҳад, ки баъзе қисматҳои ҳавопаймо дида шавад.
Вазири нақлиёти Индонезия Будӣ Кария Сумади изҳор доштааст, ки ба маҳалли суқути эҳтимолии ҳавопаймо ҳавопаймо қувваҳои нав эъзом шудаанд.
Ин ҳавопаймо бо 59 (тибқи баъзе маълумо бо 62) мусофир рӯзи 9 январи соли равон аз Ҷакарто парвоз карда буд ва лаҳзае пас аз парвоз ногаҳон иртибот бо он қатъ шуд ва худи ҳавопаймо аз назари радарҳо нопадид гашт. Бино ба омори дақиқтар ҳавопаймо 12 хадама ва 50 мусофирро ҳамл мекард, ки ҳафт нафари онҳо кӯдакон ва се навзод буданд. Ҳамаи мусофирону ҳайати хизм атрасонии он шаҳрвандони Индонезия буданд.
Ин ҳавопаймо марбут ба ширкати индонезии Sriwijaya Air буда, аввалин парвози худро соли 1994 анҷом додааст.
Дар харитае, ки ахиран мақомоти индонезӣ интишор доданд, ҳавопаймо соати 14:36 ба вақти маҳаллӣ аз Ҷакарто парвоз кардаву охирин бор соати 14:40 дар иртибот шудааст.
Як моҳигири маҳаллӣ бо номи Солеҳ ба хабаргузории ВВС гуфтааст, ки вай шоҳиди суқути башиддати ҳавопаймо буд. Баъди ин сарвари киштии моҳидорӣ фармон додааст, ки ба соҳил баргарданд.
“Ҳавопаймо мисли раъд бо ғурриши сахт ба об афтод ва дар қаъри баҳр таркид. Ин хеле ба мо наздик буд ва қариб, ки шикастапораҳо ба киштии мо бармехӯрданд”, - гуфтааст ӯ.
Дар айни замон бештар аз 10 киштӣ ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд ва ғаввосони неруҳои дарёии Индонезия саргарми ҷустуҷӯ ҳастанд.
Ахиран вазири нақлиёти Индонезия хабар дод, ки тайёра бо 50 мусофир ва 12 узви хадама дар ҳоли парвоз буд.
Video of civilians finding small parts from the Sriwijaya Air flight SJ182 that departed from Jakarta, Indonesia #sj182 #SriwijayaAir pic.twitter.com/sxt8o1xsW5
— HzKv (@HZLABZ) January 9, 2021