Covid-19: Марги беш аз 1,9 ва шифои зиёда аз 64 миллиони гирифторони коронавирус дар олам. Шумори фавтидагон дар Британияи Кабир меафзояд

Шумори гирифторон ба коронавиурс дар олам  ба 89 миллиону 456 ҳазору 348 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 924 ҳазору 96 нафар ҷан бохтаву 64 миллиону 108 ҳазору 46 нафар шифо ёфтаанд. Ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 108 ҳазору 904 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:

ИМА — 22 461 696
Ҳинд — 10 432 526 
Бразилия — 8 015 920 
Русия — 3 379 103  
Британияи Кабир — 2 957 472  
Фаронса — 2 747 135   

Навъи нави коронавирус SARS-CoV-2, ки 50% фаъолтар аз гунаҳои дигари он паҳн мешавад, метавонад дар ИМА низ пайдо шавад. Дар ин бора ширкати телевизионии CNN истинодан ба маърӯзаи гурӯҳи кории Кохи Сафед, ки масъалаҳои мубориза бо коронавирусро меомӯзад, хабар дод.

Дар Британияи Кабир зарфи 28 рӯзи охир аз коронавирус 1325 нафар фавтиданд. Ин мақомоти давлатиро нигарон кард. Дар натиҷа сеюмин навъи воксани амрикоии Modernaро барои истифода иҷозат доданд. Ҳукуматдорон аллакай 17 миллион вояи истифодаи ин фоксанро, ки қарор аст ҳамзамон бо воксани қаблан қабулшудаи Pfizer-BioNTech ва Oxford-AstraZeneca истифода шавад, фармоиш додаанд. Дар маҷмӯъ, тақрибан якуним миллион шаҳрвандон дар Британия воксан гирифтанд. Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, шумораи гирифторон дар Лондон дар ҳар 100 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз ҳазор нафар гузаштааст. Бюрои омори миллӣ рақами аз ин ҳам бештарро эълон мекунад: тибқи ҳисобу китоби он, аз ҳар 30 нафар дар Лондон яке аз онҳо метавонад сироятёфта бошад.

 

Иттиҳодияи Аврупо бо ширкатҳои дорусозии Pfizer ва BioNTech барои харидани 300 миллион вояи иловагии воксани Covid-19 ба мувофиқа расид. Воксанҳо одатан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мутаносибан бо шумораи аҳолии онҳо тақсим карда мешаванд, аммо дар сурати бастани шартномаи нав, ҳоло маълум нест, ки оё ҳама кишварҳо тибқи ин принсип фармоиш медиҳанд ё не. Pfizer мақсад дорад, ки имсол дар саросари ҷаҳон то 1,3 миллиард воза тавлид кунад.

Фаронса мегӯяд ба фаъолияти тафреҳгоҳҳои лижаронӣ аз 20 январ иҷозат хоҳад дод, агар вазъи эпидемиологӣ дар иртибот ба сирояти коронавирус иҷозат диҳад.

Парламони Шветсия рӯзи ҷумъа қонун дар бораи ҳамагириро қабул кард, ки ба ҳукумат барои андешидани чораҳои фаврӣ ихтиёроти бештар медиҳад. Ин кишвар дар гузашта ягон маротиба тадбирҳои шадиди зиддикоронавирусӣ эълон накарда буд, аммо мавҷи дуюм ин бор мақомотро водор кард дар тасмимҳои худ ҷиддитар бошанд, чун сирояти КОВИД-19 ин бор фарогиртару кушандатар аз қабл омад.

Исроил дар суръати эмкунии аҳолӣ назар ба ҳамаи кишварҳо, ҳатто аз ИМА низ пеш аст. Аз аввалин рӯзҳои тасдиқи воксани Pfizer ин кишвар ба эмкунии сартосарии аҳолӣ сар кардаву хеле муваффақ будааст. То 8 январи соли равон наздик ба 20 дарсади аҳолӣ эм шудаанд. 

Дар Чин 53 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки 37 ҳолати он  маҳаллӣ буд ва боқӣ воридшуда аз хориҷ мебошанд. 33 ҳолат дар вилояти Ҳубэй ва ду ҳолат дар Ляонин ва як нафарии дигар дар Пекин ва Хэйлунсян сабт шудааст.

Хадамоти амнияти Украина хабар додааст, ки дар мавриди эҳтимолияти бо роҳи қочоқӣ ба кишвар ворид кардани воксан аз КОВИД-19 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи 7 январ президенти ин кишвар Владимир Зеленский хабар дода буд, ки Украина иттило дар мавриди гӯё қочоқӣ ворид кардани воксан зидди коронавирусро месанҷад.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 23 652 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Қазоқистон аз сирояти нави 831 нафар хабар доданд, ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе қабл 775 сирояти нав сабт шуда буд.  

Шумори гирифтрон ба КОВИД-19 дар Қирғизистон ба 81 991 нафар расидааст ва дар шабонарӯзи сипаришуда 165 ҳодисаи нави сироят ба ин вирус сабт шудааст.

Ӯзбекистон аз сирояти боз 73 нафар ба вируси корона хабар дод ва мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки аз аввали ҳам агирӣ 77 485 нафар сироят шуда буданд.

Дар Тоҷикистон эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирус дар доираи механизми байналмилалии COVAX сурат мегирад, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.   Ба гуфтаи вай, интиқоли воксани COVID-19 ба ҷумҳурӣ метавонад аз нимаи соли 2021 оғоз шавад. "Воксан 20% аҳолии кишварро фаро хоҳад гирифт. Аввал онро кормандони тиб, муаллимон, шахсони аз 50-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмин мегиранд", - шарҳ дод ӯ. Ҳамин тариқ, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 800 ҳазор нафар эм карда мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон аллакай барои дарёфти воксан дархост ирсол кардаанд.