Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам аз як миллион нафар гузашт. Дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 75 нафар ҷон бохтанд. Чанд хабари мухтасар аз COVID-19 дар олам

Субҳи имрӯз, 28-уми сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам 33 миллиону 307 ҳазору 577 нафар эълон шуд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 76 ҳазору 391 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд. Рӯзи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 41 сироятшудаи нав хабар дод ва гуфт, ки шумори умумии беморони...

Ҳалокати чор нафар дар ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Чаро ронандагон сабабгори марги дигарон мешаванд?

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар бартарафсозии оқибатҳои ду садамаи нақлиётӣ, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, ширкат карданд. Ин ду садама дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Панҷекат – Айнӣ рух доданд.

Садам аи аввал дар километри 82 роҳи Айнӣ-Панҷекат...

Боз як модар худ ва фарзандашро ба дарё афканд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Азизонатонро эҳтиёт кунед!

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар боз як ҳодисаи нохӯшу фоҷеабор - худкушӣ бо фарзанд ба қайд гирифта шуд. Баъд аз зуҳри рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 як сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кард.

Баъди дарёфти хабари ин худкушӣ наҷотдиҳандагони кӯҳии...

Суқути ҳавопаймои ҳарбӣ дар Харкови Украина. Аз ҳалокати 25 курсант ва маҷруҳ шудани ду нафар хабар дода шуд

Дар вилояти Харкови Украина як ҳавопаймои ҳарбии Ан-26 ҳангоми вуруд ба нишастгоҳ дучори садама шуд ва 25 курсанти Донишкадаи Қувваҳои ҳавоии ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ дар ин ҳавопаймо 28 нафар сафар доштанд. Аммо шумори дақиқи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон маълум нест.

"Дар ин ҳавопаймо курсантон ва халабонҳои ҳарбии

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Коҳиши эҳтимолии дамои ҳаво ва тӯфони пурчанг. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар ба диққати сокинон ва меҳмонон мерасонад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад. Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст.

Страницы