Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 281 610 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд ва 6349 нафар фавтиданд. Рӯзе пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки дар 24 соат 336 450 нафар мубталои ин вирус шуданд ва 7764 нафар ҷон бохтанд.
Комиссияи Аврупо бо ширкати дорусозии амрикоии Moderna, ки воксин зидди коронавирус истеҳсол мекунад, барои дастрас кардани боз 150 миллион доза муоҳада имзо кард.
Олмон иҷозат дод, ки дар пойтахти ин кишвар сар аз 3-уми июл ҳар гуна чорабиниҳо бо иштироки то 2 ҳазор нафар гузаронида шаванд.
Ҳукумати Швейтсария ба бачаҳои аз 12-сола боло иҷозат дод, ки зидди коронавирус эм карда шаванд.
Лаҳистон барои касоне, ки аз Британияи Кабир ба ин кишвар ворид мешаванд, як карантини ҳафтрӯзаро ҳатмӣ кард.
Рӯзи 21-уми июн вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки шумори фавтидагон аз КОВИД-19 дар ин кишвар ба 83 101 нафар расида ва шабонарӯзи гузашта 136 нафар қурбонии ин вирус шудаанд. Аз 10 485 нафаре, ки чун мубтало ба коронавирус сабт шуданд, 1259 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд.
Дар ноҳияҳои гуногуни Ҳинд 22 ҳодисаи сироят ба штамми «Делта плюс» кашф шудааст. Дар ин бора вазири тандурустии Ҳинд Радҷеш Бҳушан иттилоъ дод.
Чин ҷавобан ба даъватҳои ИМА дар мавриди роҳандозии тафтишҳои пайдоиши коронавирус SARS-CoV-2 дар ин кишвар талаб дорад, ки кулли озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар саросари ҷаҳон ҷиддан мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Дар ин бора рӯзи 22-уми июни соли равон дар брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳи хориҷии Чин Чжао Литзян изҳори назар намуд. “Мо талаб мекнуем, ки дар озмоишгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Форт-Детрик (иёлоти Мэриленд) ва боз дар бештар аз 200 пойгоҳи ҳарбии ИМА, ки дар хориҷи ин кишвар амал мекунад, тафтишу санҷишҳои фарогир гузаронида шаванд”,-гуфт ӯ.
Аз 21 июн Эстония марзҳояшро барои ҳамаи русиягиҳое, ки худро зидди коронавирус эм кардаанд, боз намуд, ҳарчанд воксинаи русии Sputnik-V-ро ҳукумати Эстония расман эътироф накардааст.
Зарфи як шабонарӯз дар Русия 16 715 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ боз 546 нафар ҷон бохтаанд.