Тозатарин ахбор аз COVID-19 аз Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳаштумин ҳафта аст, ки сироят ба КОВИД дар саросари олам рӯ ба коҳиш овардааст. Дар ин бора рӯзи 21-уми июни соли равон ба брифинги матбуотӣ Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус хабар дод. Бино ба маълумоти СҶТ, ки дар сомонаи худ чоп кардааст, зарфи як ҳафтаи охир дар олам 2 миллиону 518 ҳазору 978 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст, ки назар ба ҳафтаи қаблӣ 5,6% камтар аст.

То ба имрӯз гунаи ҳиндии вирус SARS-CoV-2 дар 92 кишвари олам сабт шудааст. Дар ин бора рӯзи гузашта таҳлилгари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Мария ван Керкхове хабар дод. 

Кохи Сафед рӯзи 21-уми июни эълон кард, ки 55 миллион дода воксини зидди COVID-19-ро ба оламиён тақдим хоҳад кард. Тибқи тарҳи пешниҳодӣ он ба кишварҳои Амрикои Лотин, Осиё ва Африқо хоҳад расид.

Дар Фаронса аз 9-уми июли соли равон клубҳои шабона ба фаъолият оғоз мекунанд. Танҳо онҳое ворид шуда метавонанд, ки “рухсатномаи беҳдоштӣ” дошта бошанд, ки дар он дар бораи эм шудан ба муқобили  COVID-19 ва ё натиҷаи тести манфӣ навишта шуда бошад. Ҳамчунин доштани ниқоби тиббӣ дар дохили бино ҳатмист.

Қуюди шабгардие, ки ҳукуматдорони Туркия дар авҷи сирояти коронавирус эълон карда буданд, 1-уми июл пурра лағв мешавад. Дар ин бора президенти ин кишвар Раҷаб Тайип Эрдуғон рӯзи 21-уми июни эълон намуд. Ҳамзамон бо ин муассисаву корхонаҳо ба рӯзу соати маъмулии кор бармегарданд.

Зарфи як шабонарӯз дар Русия боз 17 378 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Вазорати тандурустии ин кишвар эълон кард, ки суръати рушди сироят 0,01 дарсад коҳиш ёфтааст.

Корхонаи тавлиди воксини Қазоқистон QazVac моҳи сентябри соли равон як миллион доза тавлид хоҳад кард. То 22 июни соли равон дар Қазоқистон  409 580 мубтало ба коронавирус сабт шуда, 221 нафари дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Ба сабаби афзоиши сироят ба коронавирус дар Қирғизистон аз 24-уми июн дастрасии шаҳрвандон ба фурудгоҳҳои пойтахт ва шаҳрҳои Уш ва Иссиқкӯл маҳдуд мешавад. То кунун дар ин кишвар 115 615 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.

Шабонарӯзи гузашта дар Узбекистон 427 сироятшудаи навро сабт карданд, ки бештари онҳо дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхандарё ва Фарғона буд. Шумори умумии гирифторон дар ин кишвар 106 452 нафар эълон шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳодисаҳои нави сироят ба коронавирус хабар дод.  

ФАВРӢ! СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРӢ БА БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ХАБАР ДОД

Интизор меравад, ки Русия ба Тоҷикистон 100 ҳазор воксани  "Спутник V" ройгон ба Тоҷикистон диҳад.

Ҳавопаймои махсус аз Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воксини зидди коронаивруси ширкати  Sinovac интиқол дод.