Навъи нави вируси корона дар Британиё. Донишмандон дар ин бора чӣ медонанд?

Интишори гузоришҳо дар бораи ба шиддат паҳн шудани навъи нави коронавиру дар Британияи Кабир кишварҳои Аврупоро водор кардааст, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои худро ба ин кишвар мутаваққиф кунанд. Эрон ҳам ахиран эълон кард, ки кулли парвозҳо аз ин кишвар ба Британияи Кабир ва аз он ҷо ба Эрон муддати ду ҳафта қатъ мешавад. Аз мамолики Аврпуо ба Британия ҳамчунин ҳаракати қаторҳо низ муваққатан боздошта шуд.

Духтаре дар Банглодеш рӯзи тӯйи худ дар об ғарқ шуд ва фавтид

Ҳафт нафар, аз ҷумла арӯс ва ду кӯдак ҳангоми тӯй дар Банглодеш ҳалок шуданд. Ожонсии UNB  бо нашри ин хабар гуфтааст, ки ин фоҷеа дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат, дар соҳилҳои ҷазираи Хатия рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ киштие, ки корвони арӯсӣ ба сӯи хонаи домод дар соҳили дарёи Мегна ҳаракат мекард, бо монеаи зериобӣ бархӯрд ва ғарқ шуд.

Дар сӯхтори як бемористон дар Туркия 8 нафар гирифторони КОВИД-19 ҷон бохтанд

Дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия, дар шаҳри  Газиантеп дар сӯхтори бемористони Донишгоҳи Санко ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории  Anadolu истинодан ба мақомоти расмии ин шаҳр хабар додааст.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки сӯхтор дар натиҷаи вайрон шудани системаи ирсоли оксиген дар шуъбаи муолиҷавии...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор (ВИДЕО)

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор бо ширкати ҳамаи аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло иштирок намуд.

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 75,3 миллион гузашт. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба  75 миллиону 357 ҳазору 739 нафар расида, шабонарӯзи гузашта боз 296 799 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Аз коронавирус 1 миллиону 669 ҳазору 877 нафар фавтиданд. То кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 52 миллиону 924 ҳазору 771 нафар пурра муолиҷа шуда, ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 107 ҳазору 261 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Страницы