Ҳавои пурчангу хок дар кишвар. ЧӢ БОЯД КАРД? ЧАНД ТАВСИЯИ КҲФ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва ноҳияҳои тобеъи марказ  боди шадид бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад, ки он метавонад боиси хокбориш шавад.

Беш аз 3,5 миллион куштаҳои коронавирус дар олам

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гиифторони ба Covid-19 дар оламро 171 миллиону 962 ҳазору 506 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 223 ҳазору 955 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамгирӣ 3 миллиону 576 ҳазору 848 нафар ҷон бохтанд ва 154 миллиону 676 ҳазору 301 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Шабонарӯзи гузашта дар ИМА боз 5 735 сироятшудаи...

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Наҷоти се нафар дар дарёи Сир, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд

Рӯзи гузашта, якуми июн ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафареро мушоиҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи  ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоят будаанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва гармиҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод интизор меравад.

Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст.

Страницы