Дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли равон автомашинаи махсуси намоишии таблиғотиву ташфиқотӣ бо намояндагони Шуъбаи кор бо ҷомеъаи Кумита ба шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд.
Чорабиниҳои таблиғотиву ташфиқотӣ бо тариқи намоиши филмҳои тасвирӣ дар мавзуъи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва ҳолатҳои ғарқшавӣ дар назди марказҳои хизматрасонӣ, бозорҳои шаҳр ва фароғатгоҳи «Ширкент» баргузор гардид, ки дар онҳо бештар аз 800 нафар аҳолии маҳалҳо, соҳибкорон, истироҳаткунандагони Фароғатгоҳи Ширкент ва мураббияҳо ширкат намуданд.
Дар ин чорабиниҳо бештар аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, расонидани ёриҳои аввали тиббӣ ва ғайра сухан мерафт.
Дар ҷараёни корҳои таблиғотӣ барои ширкаткунандагон варақаву китобчаҳо, дастурҳои раҳнамо ва дискҳо тақсим карда шуданд.
С.Ҳоҷиев