- Исроил дубора сокинонашро ниқобпӯш мекунад.
- Марги беш аз 1,5 духтур дар мубориза бо КОВИД-19 дар Ҳинд.
- Қирғизистон аз Ҷопон 1,1 миллион доза ваксин хостааст.
- Британия дар Аврупо дар сироят ба коронавирус якум шудааст.
- Фавти 601 нафар дар як шабонарӯз дар Русия аз коронавирус.
ИМА ба кишварҳои олам 1 миллиард воксини COVID-19 медиҳад.
Британияи Кабир дар сироят ба коронавирус дар Аврупо якум шуд. Рӯзи панҷшанбе дар Подшоҳии Британия беш аз 16 ҳазор мубталоёни нав ба коронавиврус ба қайд гирифта шуданд, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар саросари Британия наздик ба 11 ҳазор гирифторони нав кашф шуда буд.
Барои муқоиса: дар Фаронса дар ҳамин рӯз 2 ҳазор, дар Олмон 654 нафар мубталои нав сабт шуда буд. Ғайр аз ин ҳафтаи ҷорӣ шумори гирифторон ба гунаи “Делта” дар Британия қариб ду баробар афзуд.
Садриаъзаи Олмон Ангела Меркел ба ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кард, ки барои воридшавандагон аз Британия карантини ҳатмӣ ҷорӣ кунанд. Дар айни замон касоне, ки аз Британияи Кабир меоянд дар Юнон, Испания ва Португалия карантин намешаванд.
Исроил дубора сокинонашро ниқобпӯш мекунад. Сабаб афзоиши гирифторон ба Covid-19. Ҳукуматдорон аз паҳн шудани гунаи “Делта” дар изтиробанд.
Дар Ҳинд дар мубориза зидди КОВИД-19 беш аз 1,5 ҳазор духтурон ҷон бохтаанд. Дар мавҷи дуюми ин ҳамагирӣ шумори духтурони фавтида бештар будааст.
Гурҷистон зарфи як шабонарӯз 34 104 нафарро ташхис кард ва 699 мубтало ба коронавирусро ошкор намуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Гурҷистон 5237 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Украина аз ифшои боз 876 мубталои нав ба коронавирус хабар дод.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 20 393 нафар чун гирифтори нав сабт шуданд. Аз ҳама бештар дар шаҳри Москав (7916) ва вилояти Москав (2436) сабт шудааст ва 601 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Қирғизистон дар ҳукумати Ҷопон хостааст дар наздиктарин фурсат имкониятҳои ба ин кишвар додани 1,1 миллион доза воксани зидди коронавирус ва яхдонҳо барои нигаҳдошти онро баррасӣ кунад. Посухи Сафири Ҷопон ба ин дархост ҳоло рушан нест.