Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Волкан Бозкир, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Кооперативии Гайана Муҳаммад Ирфан Алӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ баргузории Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табииро иқдоми саривақтӣ маънидод карданд. Баррасии мавзӯи ин чорабинӣ низ, бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳои замони муосир, бахусус пайомадҳои пандемияи КОВИД-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсисри онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахсусус Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи махсуси СММ оид ба аҳамияту афзалияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим ва Барномаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳо, андешаҳои ҷолиб баён карда, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои муттаҳид сохтани саъйю талошҳои муштарак дар ҳалли глобалии мушкилоти сайёра ҷалб сохтанд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан, кумаки давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, метавонанд ба ҳаллу фасли самараноки мушкилоти вобаста ба об ва офатҳои табиӣ мусоидати бештар намоянд.

Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ.

барчасп: