Сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода масоҳати 115 м2-ро бо панҷ дӯкон ба коми худ кашид. (ВИДЕО)

Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, 15 декабри соли равон рух дод. Забонаи оташ дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид. Ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд.

Ҳалокати 11 солманд дар сӯхтори Хонаи пиронсолон

Сӯхтор дар як хонаи пиронсолон воқеъ дар Бошқирдистон 11 нафарро ба ҳалокат расондааст. Як хонум аз ҷумлаи кормандони ин хонаи пиронсолон 3 нафарро аз тариқи тиреза наҷот додааст. Дигарон солмандони бемор ва хуфта дар кат буданд, ки илоҷи наҷоти онҳоро як зан пайдо накардааст.

Ин сӯхтор соати 3 шаб рух додааст, аниқтараш маҳз...

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ”

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ” дар алоҳидагӣ барои харидории таҷҳизот ва мебели бинои Хадамоти зидди жола дар асоси усули “шопинг” озмун эълон менамояд:

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30 декабри соли 2020.

Боздиди сарбозону кормандон аз Осорхонаи миллӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар мавриди “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва шиносии онҳо бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик кормандон ва сарбозони як қисми ҳарбии мансуб ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд.

Дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуданд

Тибқи банди 4 Қарори Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 баргузор мешавад.

Чунончӣ, 14 декабри соли 2020 дар ноҳияҳои...

Страницы