Аввалин маҳдудиятҳои зиддикоронаӣ дар Русия. Локдауни дуҳафтаина дар Бурятия

Ҳукуматдорони Бурятия тасмим гирифтанд аз 27-уми июн то 12-уми июл дар қаламрави ин кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кунанд. Сабаби ин авҷи нави сирояти коронавирус дар қаламрави ин ҷумҳурӣ аст.

«Аз 27 июн то 12-уми июли соли равон дар қаламрави кишвар низоми ғайрикорӣ эълон мешавад. Муддати ду ҳафта фаъолияти ҳамаи корхонаҳо, ба истиснои хидматрасониҳои зарурӣ, аз қабили мағозаҳои фурӯши маводи ғизоӣ, созмонҳои тиҷоратие, ки ашёи ниёзи аввал мефурӯшанд, дорухонаҳо, хидматрасониҳои комуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ВАО қатъ мешавад”,-гуфта шудааст дар хабарномаи ситоди фаврӣ.

Дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст, ки бачаҳои то 14-сола танҳо ҳамроҳ бо калонсолон метавонанд ба кӯча бароянд. Дар маконҳои тафреҳӣ, аз ҷумла ба самти кӯли Байкал ва баҳри Шучйе низ шумори маҳдуди одамон роҳ дода мешаванд. 

То 23-уми июни соли равон дар Бурятия 42 435 бемори гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки 258 нафари онҳо зарфи як шабонарӯзи сипаришуда ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҷумҳурӣ аз аввали ҳамагирӣ 1 066 нафар ба ҳалокат расиданд.

барчасп: