COVID-19: Санҷиши ҳудудан 200 воксан дар олам. Олимони Маҷористон мегӯянд вирус ба гармӣ устувору тобовар аст

То субҳи имрӯз, 22 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 485 ҳазору 356 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Аз ин беморӣ то кунун 23 миллиону 113 ҳазору  489 нафар муолиҷа шуданд. Бар асари ин беморӣ дар ҷаҳон 969 ҳазору 298 нафар фавтидандҲудудан 200 воксан аз COVID-19 дар саросари олам таҷриба мешавад, гуфт дар брифинги матубтӣ сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус.

Ду садамаи маргбор: Яке дар Поймазори Ванҷ ва дигаре дар Анзоби Айнӣ. Се нафар куштаи ин ду садама. Ронандаҳо эҳтиёт намекунанд

Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар ВМКБ нимишаби рӯзи 20 сентябри соли равон, тахминан соати 22:20 дақиқа  дар километри 80-уми роҳи мошингарди маҳаллӣ, дар мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шуд.

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дору ва лавозимоти тиббӣ кумак карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи коронавирус, ки Бахши Агентии Оғохон оид ба

Арзиши як қуттӣ «Арепливир» -доруи зидди коронавирус КОВИД-19 12 ҳазору 320 рубл эълон шуд. Қарор аст ин дору имрӯз дар дорухонаҳои Русия пайдо шавад

Як қуттӣ дору аз  COVID-19 «Арепливир» - ро аз дурухонаҳо ба нархи 12 ҳазору 320 рубл метавон харид. Дар ин бора директори кулли ширкат тавлидкунандаи дору “Промодед” Андрей Младенсев иттилоъ дод.

Як қуттӣ дорои 40 ҳабби 200 мг буда, қарор аст аз имрӯз, 21 сентябр дар дорухонаҳо пайдо шавад. Тавсия дода мешавад, ки онро баъди 24 соати ошкор шудани нишонаҳои сироят

Муколамаи байналмилалӣ ва табодули таҷриба

Кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, тибби ва байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябри соли 2020 дар кори Муколамаи кишварҳои узви СММ барои Осиёи Марказӣ дар мавзӯъи “КОВИД-19: Табодули таҷриба ва стратегияи вокуниш, давраи гузариш ва устуворӣ дар низоми вируталӣ” ширкат намуданд.

Страницы