Тарма чист? Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?
Чоп шуд: 07/04/2021 | redaktor
Аввали баҳор мавсими борону жола ва лағзиши тарма аст. Гармтар шудани дамои ҳаво маъмулан дар роҳҳои кӯҳӣ ду хатари аслиро ба бор меоранд, ки яке лағзиши эҳтимолии тарма аст ва дигаре резиши санг. То ин ҷо мо хабарҳои зиёде доштем, ки чӣ миқдор тарма омад ва роҳҳоро пӯшонду ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Тарма чист ва кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард? Калонтарин тармаҳои олам кадомҳо буданд?