Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик, бахусус соатҳои шабонаву субҳгоҳӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, қисмати ғарбии ВМКБ боронҳои шадид ва раъду барқ дар назар дошта шудааст.
Ғайр аз ин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари бодҳои шадид эҳтимоли гарду чанг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ва дӯстдорону ошиқони кӯҳгардӣ, сайёҳии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз ҷумла риояи фосилаи ҳаракати мошинҳо хеле муҳим аст. Дар ин гуна обу ҳаво резиши санг ва омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф имкон дорад.
Бо мақсади пешгирӣ аз тағйири авзоъи гирифторони бемориҳои дилу раг, қанд ва ғайра КҲФ хоҳиш мекунад ин беморон бештар аз дигарон нозири вазъи саломатии худ бошанд. Ҳамеша бо худ доруҳои заруриро дошта ва тавсияҳои духтуронро дар ин гуна ҳолатҳои ҷиддан риоя намоянд.