COVID-19: Як таҳлилгари чинӣ хостори баргузории зинаи дигари санҷиши насаби SARS-CoV-2 дар қаламрави ИМА шудааст

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 178 миллиону 207 ҳазору  776 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 858 ҳазору 077 нафар ҷон бохтаанд. Танҳои шабонарӯзи гузашта боз 187 104 нафар сироят шуда, 4 911 нафар фавтиданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд ва Бразилияро се кишваре медонад, ки аз ҳама бештар мубтало ба коронавирус доранд.

Агентии аврупоии доруворӣ то ба имрӯз 405 лахтишавии хунро баъди истифодаи воксинҳои Vaxzevria ва  AstraZeneca ба қайд гирифтааст.

Дар Фаронса 25,4% сокинон зидди коронавирус пурра эм шудаанд ва ин боиси коҳиши чашмгири сирояти шабонарӯзӣ ба ин вирус шуд.

Шабонарӯзи гузашта дар Туркия боз 5904 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ 71 тан ҷони худро аз даст доданд. 

Вазорати тандурустии Эрон эълон кард, ки шумори фавтидагон аз КОВИД-19 дар ин кишвар ба 82 480 нафар расидаву шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 129 нафар ҷон бохтанд.  

Дар сафорати ИМА дар шаҳри Кобул авҷи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як корманди маҳаллии намояндагии дипломатии ин кишвар фавтидааст.

ПАЖӮҲИШ: ВОКСИНҲО ИНСОНРО АЗ СИРОЯТИ ҲАМАИ ГУНАҲОИ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ МЕКУНАНД

ЧАНД ХАБАРИ КУТОҲ АЗ КОВИД-19 ДАР ОЛАМ

Таҳлилгари чинӣ Сзен Гуан гуфтааст, ки бояд зинаи дигари тафтиши насаби коронавирус SARS-CoV-2 дар ИМА гузарад. Ин коршиноси чинӣ, ки ахиран дар нашрияи Global Times суҳбат мекард, гуфтааст, ки баъди дастрас шудани маълумотҳо дар бораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар ИМА моҳи декабри соли 2019 ин гуна санҷишҳоро бояд дар қаламрави ин кишвар гузаронд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Амрико дар ибтидо ба пайдоиш ва густариши сирояти вирус дар қаламрави ин кишвар эътибори ҷиддӣ надод. “Бояд ҳамаи иншоотҳои коркарди силоҳи биологӣ дар ИМА мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гиранд”,- гуфтааст ӯ.

Шумори сироятшудагон ба COVID-19 дар Русия зарфи шабонарӯзи гузашта  14 057 афзуда ба 5 264 047 нафар расидааст.