18 – уми июни соли 2021 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Нақшаи ҳамкориҳои муштараки таҳкими омодагиҳо ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулода, мусоидат ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқ шудан ба тағйири иқлим бо дар назардошти манфиатҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2022 баргузор шуд.
Ҳуҷҷатро Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва сарвари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Маккави Ҳогали имзо намуданд.
Тибқи нақша, ҷонибҳо минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, татбиқи маҷмӯи тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла чораҳои пешгирии паҳншавии Ковид - 19, таҳкими кӯмак дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқ шудан ба тағирёбии иқлим бо дарназардошти манфиатҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат мебахшанд.