Пажӯҳиш: Садҳо фил дар Ботсван аз заҳри сианобактерияҳои микроскопӣ мурданд

Садҳо фил дар Ботсван ҳадафи обсабзҳои микроскопӣ шудаанд. Олимону муҳаққиқоне, ки ин маргумири ногаҳонӣ ва муаммобаргези филҳоро пайгирӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, ба ҳамин хулоса омадаанд. Ин рӯйдоди фоҷеабор моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ рух дода буд ва мо дар ин бора хабар дода будем. Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Курунои шоири тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур. Аломатҳои нави КОВИД-19: Бе таб. Як илоҷи дигари ҳам табобат ва ҳам муқовимат. Медонед чӣ будааст?​

Шоири ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур дар саҳифааш дар Фейсбук менависад, ки курунои бидуни таб идома дорад. Шоири шинохта ва муаллифи чандин маҷмуаи шеърӣ, корманди нашрияи “Ҷумҳурият” ахиран аз мубтало шуданаш ба коронавирус навишт. Вай бархилофи нишонаҳои пешини КОВИД-19 нишонаҳои дигарро овард, ки худ таҷриба мекунад. Инҳо:

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал

Кушоишҳои географие, ки сазоворанд онҳоро “кашфиётҳои бузург” номем, дар сайёраи мо дар ҳама давру замонҳо, аз замони бостон то асри ХХ рух доданд. Вале давраи Кушоишҳои бузурги географиро маҳдуд ба як замони муайяни таърихӣ медонанд ва муаррихон ва ҷуғрофидонҳои маъруф онро асосан марбут ба охири асри XY ва миёнаҳои асри XYII мешиносанд. Ягон давраи таърихи башар монанди ин асрҳо саршор аз

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам аз як миллион нафар гузашт. Дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 75 нафар ҷон бохтанд. Чанд хабари мухтасар аз COVID-19 дар олам

Субҳи имрӯз, 28-уми сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам 33 миллиону 307 ҳазору 577 нафар эълон шуд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 76 ҳазору 391 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд. Рӯзи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 41 сироятшудаи нав хабар дод ва гуфт, ки шумори умумии беморони...

Ҳалокати чор нафар дар ду садамаи мудҳиш дар як рӯз. Чаро ронандагон сабабгори марги дигарон мешаванд?

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар бартарафсозии оқибатҳои ду садамаи нақлиётӣ, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, ширкат карданд. Ин ду садама дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Панҷекат – Айнӣ рух доданд.

Садам аи аввал дар километри 82 роҳи Айнӣ-Панҷекат...

Страницы