Садҳо фил дар Ботсван ҳадафи обсабзҳои микроскопӣ шудаанд. Олимону муҳаққиқоне, ки ин маргумири ногаҳонӣ ва муаммобаргези филҳоро пайгирӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, ба ҳамин хулоса омадаанд. Ин рӯйдоди фоҷеабор моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ рух дода буд ва мо дар ин бора хабар дода будем. Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард
Бодствано кишваре мебошад, ки дар он аз се як ҳиссаи ҷамъияти рӯ ба коҳиши филҳои африқоӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Докор Маккон аз муассисаи хайрияи “Наҷоти парки миллӣ” дар Британия дар суҳбате бо ВВС гуфта буд, ки фаъолони маҳаллии ҳифозат аз муҳити зист аввали моҳи май баъд аз парвозе бар фарози минтақа давлатро аз мавзӯъ огоҳ карданд. Онҳо дар резишгоҳи дарёи Окаванго садҳо фили мурдаро наворбардорӣ карданд ва ҳукуматдоронро водор сохтанд, ки бонги изтироз зананд ва пайи омӯзиши сабабҳои ин маргумири ногаҳонии филҳо шаванд.
Таҳқиқот ва санҷишҳои тестӣ нишон доданд, ки ин филҳо аз заҳре нобуд шудаанд, ки сианобактерияҳо хориҷ мекунанд. Ин бактерияҳо дар обҳои гарми ин минтақа нумӯъ кардаанд. Маҳз ҳамин бактерияҳо мебошанд, ки резишгоҳҳо ва обанборҳо ва ҳавзҳоро аз намуди худ гулпӯш мекунанд.
Олимон мегӯянд тағйири иқлими сайёра ва гармоиши бесобиқаи Замин метавонад сабаби он шавад, ки ин гулгунрангии обҳо бештар доман паҳн кунанд. Аксари филҳои мурда дар атрофи ҳамин гуна ҳавзҳо пайдо карда шуданд, аммо донишмандон то ҳамин наздикиҳо ҳатто бовар намекарданд, ки сабаби марги онҳо маҳз бактерияҳои сианоӣ мебошанд, зеро ин гуна бактерияҳо маъмулан дар канораҳои ҳавзҳо мерӯянд ва нашъунамо мекунанд, филҳо бошанд дӯст медоранд, ки обро аз миёнаҷо нӯшанд.
“Таҷриба нишон дод, ки сабаби марги филҳо нейротокидҳое шудаанд, ки дар бактерияҳои сианоӣ мавҷуданд. Ин бактерияҳо дар обҳо ҳаёт ба сар мебаранд”,- гуфтааст дар як нишасти матбуотӣ сардухтури байтории Департаменти табиати ваҳшӣ ва поркҳои милии Ботсван Ммади Рубен.
Бино ба гуфтаи ӯ марги филҳо охири моҳи июн қатъ шуд ва ин ба замони хушк шудани оби ҳавзҳо мувофиқат мекунад. Ҳамзамон бо ин муҳаққиқон дида буданд, ки оҷи ин филҳо дар ҷойи худ аст ва фарзияи қатлашон аз ҷониби шикорчиён рад шуд.
Аммо Рубен гуфтааст, ки ҳоло ҳам чандин суол беҷавоб монда ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. “Мо то кунун намедонем, ки чаро маҳз танҳо филҳо ба ҳалокат расиданд ва танҳо дар ҳамин як макон. Дар ҳоле ки ҳайвоноти дигар ҳам аз ин обҳо менӯшиданд. Мо чандин фарзия дорем, ки алҳол сари он кор мекунем”,- гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.
Сианобактерияҳо чаро хатарноканд?
- Сианобактерияҳо ва ё бактерияҳои фирӯзаиро метавон дар кулли олам дид, онҳо обҳои гармро дӯст медоранд, дар обҳое зиндагӣ мекунанд, ки истода бошад, яъне дар ҳавзҳову обанборҳо. Дар ҳамон обҳое, ки ғизои хубу фаровон дошта бошанд.
- Баъзе намуди сианобактерияҳо заҳр тавлид мекунанд, ки барои ҳайвонот ва одамон зарароваранд.
- Заҳри онҳо метавонад ҳангоми оббозӣ ва ё нӯшидани об ба одамон ва ҳайвонот гузаранд.
- Нишонаҳои заҳролуд шудани одамон: хориши пӯст, дарди сахт дар меъда, дилбеҳузурӣ, чарх задани сар, исҳол, ҳарорати баланди бадан, сардардӣ ва дард дар гулӯ мебошад.
- Аз ин бактерия на танҳо ҳайвонот ва одамон, балки парандагон ва моҳиҳо низ метавонанд заҳролуд шаванд.
БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ: