Covid-19 дар олам ва Тоҷикистон: Шаҳрдории Ню-Йорк бениқобон дар ҷойҳои ҷамъиятиро 1000 доллар ҷарима мебандад
Чоп шуд: 01/10/2020 | adminВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин ҷанд лаҳза пеш хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар кишвар 43 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба ин вирус аз оғоз ба 9769 нафар расид. Ин манбаъ гуфт, ки то 30 сентябри соли равон 8572 нафар ва ё 87,7% сироятшудагон ба КОВИД-19 муолиҷа шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар Тоҷикистон аз коронавирус КОВИД-19 76 нафар ҷони худро аз даст додаанд.