Шифои комил, дӯсти азиз...

Ин навишта аз донишманди тоҷик Ҳафиз Раҳмон аст, ки худ чанде пеш мубтало ба КОВИД-19 буду ранҷи ин бемориро дида ва чанд моҳро дар бистар сипарӣ карда. Устод Ҳафиз Раҳмон дар ёдономаҳое аз ин беморӣ ва ранҷҳои он пайваста менавишту мехондем. Фейсбук минбарест, ки аз ҳоли дӯстон бохабар мешавем ва ҳам аз таҷрибаи он дар мубориза барои раҳоӣ аз ин бемории хатарзо баҳараманд мегардем. Ҳоло ин навишта номаест ба дӯсти донишманд Қарор, ки ҳамакнун ранҷур аст, бо КОВИД дастбагиребон. Аммо ин нома танҳо ба Қарор нест, он ба ҳамаи касоне, ки дӯстонашон дар ин гирдоби балоянд. Ин як номаи хеле ҷаззобест, ки мутолиаи он касро ба ёди дӯст мебарад, қимати инсонро нишон медиҳад, розҳои дӯстиро ифшо месозад. Яъне, нишон медиҳад, ки дӯст будан ин чӣ масъулиятест, хоса дар замони ҳамагирии КОВИД-19.

Инак, нома:

 

  Аз китоби Лев Балашов (“Занимательная философия”), яке аз файласуфони маъруфи рус, қиссаеро навакак хондам ба ин мазмун:

Замони хеле қадим, тақрибан асри 5-и қабл аз милод дар Сиракуз ду рафиқи ҷонӣ зиндагӣ мекарданд – яке Дамон ва дигаре Финтий. Ҳарду олим, ҳарду ҷонибдорони Пифагор, ҳарду зӯровариро дар ҳалли муноқишот инкор мекарданд, шарафу шаъни одамиро аз ҳар чизи дигар боло мепиндоштанд. Шоҳ Дионисии II Финтийро бо гумони барғалати сӯиқасд ба ҷонаш маҳкум ба қатл мекунад. Дамон медонист, ки дӯсташ мебоист чанд кореро оҷилан анҷом диҳад, масалан, бо зану фарзандонаш видоъ кунад, масъалаи меросашро ба фарзандон ҳал кунад, чанд каси ба ӯ муҳтоҷро бубинад, хулоса охирин амалҳояшро пеш аз аҷал ба охир расонад.

Ҳамин тавр, Дамон ба хотири дӯсташ худро ба сифати гаравгон ба шоҳ пешниҳод мекунад: агар дӯсташ саривақт ба қатлгоҳ нарасаду мабодо гурезад, ӯ ҳатман ба ҷойи дӯсташ кушта хоҳад шуд. Шоҳ ин шартро пазируфта вақти муайян муқаррар мекунад. Вақти ҷудошуда поён мерасад ва Дамонро ба минбари баланд, саҳни бозор – кушторгоҳ мебаранд. Ҳама мебинанд, ки чеҳрааш ором аст, гӯё ӯ гунаҳкори асосӣ бошад. Дар охирин лаҳза, вақте ки табари ҷаллод ба боло бардошта мешавад, садои баланди Финтий ба гӯши ҳамагон мерасад:

НАКУШЕД ӮРО, МАН ОМАДАМ, ОМАДАМ...”

Чунон медавид, ки нафасаш мегирифт, сару рӯи арақшор ба минбар, назди кундаи қатлгоҳ баромад. Ин ҳолати риққатоварро дида, мардум ба як овоз аз шоҳ хоҳиш карданд, ки ӯро, яъне Финтийро авф кунад. Дионисий на фақат ӯро авф, балки илтимос кард, ки ҳарду  ба ӯ низ дӯстӣ кунанд ва мудом дар паҳлуяш бошанд. Аммо Финтий ва Дамон ин даъвати шоҳро намепазиранд ва мегӯянд, ки “дӯстӣ ҳадяи Худост”, онро на харида мешавад ва на ба даст оварда...

Ин қиссаи аҷиб то куҷо ҳақиқат дорад, намедонам, як ривоятест аз аҳди қадим. Аммо ба дурӯғ буданаш ҳам бовар надорам, зеро аз сари инсоният чиҳое нагузашта... Вақте одамони бузург буданду ҳастанд, пас дӯстиву рафоқати асил бояд дар зиндагӣ ҷо дошта бошад...

Ин қиссаро хондаму симои дӯстам Қарор, ки як ҳафта боз ранҷи беморӣ аз вируси COVID мекашад, пеши назар ҷилвагар шуд: се ё чор рӯз пеш телефонӣ хабарам кард, ки ташхис ҳамин навъи бемориро исбот кард. Худоро шукр, ки телефон ҳаст ва гоҳ-гоҳ аз ҳолаш пурсон мешавам. Дар ин чанд рӯзе, ки ӯ нест, кафедра холӣ менамояд, зеро ҳузураш барои ҳама дилписанду гуворост. Саранҷоми аксар корҳои коғазӣ солҳост, ки ба уҳдаи ӯст.

Акнун вазъиятест, ки аз бемор хабар гирифтан имкон надорад, танҳо ҳамин мемонад, ки дуо бикунем ҳарчи зудтар шифо ёбад... Банда бо Қарори азиз солҳост, ки дӯстӣ дорам, аммо қиссаи дӯстии Дамону Финтийро дар мавриди мо ба қиёс гирифтан номумкин менамояд. Қарор дар рафоқат ниҳоят содиқ ва баэътимод аст, кутоҳӣ аз мост, ки дар чунин лаҳазот наметавонем ба дидораш бирасем... Чизе, ки моро ҳолиё дар фосила нигаҳ медорад, тарс аз сироятшавист... Ин як кори беҳудаи равоншиносон аст, ки мегӯянд: натарсед... Ҳоло зиндагӣ чунон пачақу маҷақамон карда, ки на танҳо аз вируси нав, балки аз ҳар чизи дигар метарсем, аз ҳар шамоли сахт, аз ҳар сулфаи ногаҳ, аз ҳар гапи беҷо, аз ҳар одами худобехабару фосиқ... Аз гуфтани гапи ҳақ...

Аз Худои огаҳ аз дилу виҷдони ҳамагон орзу, бал дуо мекунем, ки дӯстамон Қарор шифо ёфта, тандурусти комил гардад. Шифои оҷилу комил!!!

Ҳафиз Раҳмон