Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин ҷанд лаҳза пеш хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар кишвар 43 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба ин вирус аз оғоз ба 9769 нафар расид. Ин манбаъ гуфт, ки то 30 сентябри соли равон 8572 нафар ва ё 87,7% сироятшудагон ба КОВИД-19 муолиҷа шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар Тоҷикистон аз коронавирус КОВИД-19 76 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Субҳи имрӯз – 1-уми окттябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар саросари олам 34 миллиону 214 ҳазору 530 эълон шуд. Дар як шабонарӯз беш аз 134 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ шуда, 3297 нафар ҷон бохтаанд. Шумори фавтидагон дар олам аз коронавирус ба 1 019 716 расидааст.
Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ба қароре омад, ки рӯйхати 10 кишвари хориҷиеро, ки ин Иттиҳодия марзашро ба рӯи онҳо боз мекунад, бетағйир бимонад. ИМА ва Русия ба ин рӯйхат шомил нестанд.
Ҳинд мегӯяд аз 15 октябри соли равон дари мактабу коллеҷҳоро ба рӯи донишомӯзон боз мекунад. Ҳамчунин поркҳо, марказҳои дилхӯшӣ низ боз мешаванд. Ин марказҳо аз моҳи март ба далели ҳамагирии КОВИД-19 баста шуда буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех дар ҷаласаи ғайринавбатии худ рӯзи чоршанбе қарор қабул кард, ки низоми ҳолатҳои фавқулодаро, ки аз 12 март то 17 май дар ин кишвар амал мекард, дубора ҷорӣ кунад.
Ҳукумати Словакия аз имрӯз, панҷшанбе, 1 октбяр ба муҳлати 45 рӯз низоми фавқулода ҷорӣ мекунад. Иллати ин авҷи нави коронавирус дар ин кишвар аст, ки мубталоён ҳар рӯз меафзоянд.
Қазоқистон назорати беҳдоштиро барои онҳое, ки аз кишварҳои дигар ворид мешаванд, таҳким мебахшад.
Шумори ба ҳолакатрасидагон аз Covid-19 дар Белгия рӯзи сешанбе аз 10 ҳазор нафар гузашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишвар тақрибан 11,5 миллион аҳолӣ дорад.
Рӯзи чоршанбе шумори нав сироятёфтагон ба коронавирус дар Украина ба ҳадди рекордӣ расид. Дар як шабонарӯз бори аввал дар ин кишвар 4027 нафар чун мубталои нав ба қайд гирифта шуд.
Ҳукумати Албания ба қароре омад, ки дарсҳо дар макотиби ин кишвар аз моҳи ноябр оғоз шаванд.
Имрӯз ҳамаи барҳо дар пойтахти Финландия шаҳри Хелсинки охирин рӯзи фаъолияташон аст. Баъдан онҳо ба муҳлати номуайян карантин хоҳанд шуд.
Шаҳрдории Ню-Йорк тасмим гирифт, ки афроди бе ни қоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозиршавандаро 1000 доллар ҷарима бандад. Сабаб авҷи бесобиқаи кронавирус дар ин шаҳри амрикоист.
Зарфи як шабонарзӯи гузашта дар Қирғизистон 147 ҳодисаи сироят ба коронавирус КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд.