Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?

Дар соли 1466 сафирони Ширвоншоҳ (Ширвоншоҳон- силсилаи шоҳони маҳаллӣ дар Ширвон (ноҳия дар Қафқоз) ва атрофи он, ки аз охири садаи дуюм то аввали садаи даҳуми хуршедӣ ҳукумат кардаанд. Маркаши ин шоҳигарӣ шаҳри Шоброн ё Шоварон будааст. Ин силсила дар аввали салтанати Аббосиён ташкил шудааст) аз дарбори князи бузурги Маскав Иван III ба Боку бармегаштанд.

Ниқоб дошта бошед. Пажӯҳишҳои нав ва эҳтиёт аз сироят ба КОВИД-19

Ин назарияи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой гирифтаву ҳоло дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Он ба ниқоб иртибот дорад. Аслан дар бораи ниқоб ба хотири пешгирӣ аз коронавирус КОВИД-19 зиёд гуфтанду навиштанд. Ҷойе онро лозим надонистанд, таъкид ба зарурати он нашуд, дар натиҷа шоҳид шудем, ки он ҷо сироятёфтагон афзуданд. Ҷойи дигар ишора шуд, ки дар фалон ҳолат ниқоб хуб аст,

Шифои комил, дӯсти азиз...

Ин навишта аз донишманди тоҷик Ҳафиз Раҳмон аст, ки худ чанде пеш мубтало ба КОВИД-19 буду ранҷи ин бемориро дида ва чанд моҳро дар бистар сипарӣ карда. Устод Ҳафиз Раҳмон дар ёдономаҳое аз ин беморӣ ва ранҷҳои он пайваста менавишту мехондем. Фейсбук минбарест, ки аз ҳоли дӯстон бохабар мешавем ва ҳам аз таҷрибаи он дар мубориза барои раҳоӣ аз ин бемории хатарзо баҳараманд мегардем.

Тамрин дар Донишгоҳи аграрӣ. Наҷотдиҳандагон амал ҳангоми сӯхтори эҳтимолӣ дар ин Донишгоҳро машқ карданд

Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур машқи фармондеҳӣ - ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ба амал омадани сўхтор» гузаронида шуд.

COVID-19 дар олам то 30 сентябр: Сабаби хуруҷи башиддати коронавирус дар Русияро риоя накардани низоми маҳдудиятҳо номиданд. Дар Исроил дубора карантини умумӣ эълон шуд

30 сентябри соли 2020 мубталоён ба коронавирус Covid-19 дар саросари олам 33 миллиону 843 ҳазору 979 нафар эълон шуд. Ин омор мегӯяд дар шабонарӯзи сипаришуда 88 ҳазору 065 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. То кунун аз Covid-19 дар кулли кишварҳои ҷаҳон 1 012 657 нафар ҷон бохтаанд. Дар шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 654 нафар фавтидаанд. То 30-уми сентябри соли равон дар олам 25 миллиону...

Страницы