30 сентябри соли 2020 мубталоён ба коронавирус Covid-19 дар саросари олам 33 миллиону 843 ҳазору 979 нафар эълон шуд. Ин омор мегӯяд дар шабонарӯзи сипаришуда 88 ҳазору 065 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. То кунун аз Covid-19 дар кулли кишварҳои ҷаҳон 1 012 657 нафар ҷон бохтаанд. Дар шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 654 нафар фавтидаанд. То 30-уми сентябри соли равон дар олам 25 миллиону 148 ҳазору 268 нафар сироятшудагон ба КОВИД-19 шифо ёфтаанд.
Шоми рӯзи гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори сироятшудагони нав ба коронавирус КОВИД-19-ро 41 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар кишвар 9726 нафар сироятёфтагон ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 8531 нафари онҳо муолиҷа шудаанд.
Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Феделарии Олмон рӯзи сешанбе дар бораи ташдиди чораҳои эпидемиологӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавирус ба мувофиқа расиданд. Тибқи низоми нав дар чорабиниҳое, ки дар иншоотҳои пӯшидаи хусусӣ гузаронида мешаванд, то 25 нафар ҳузур дошта метавонанд, дар ҳавои кушод ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад на беш аз 50 нафар.
Низоми ҳолатҳои фавқулодда барои таҳкими мубориза бо короновируси навъи нав аз 5-уми октябри соли равон ба Ҷумҳурии Чех ба иҷро медарояд ва он муддати 30 рӯз идома хоҳад кард.
Исроил аввалин кишваре миёни ҳама давлатҳои дунёст, ки дар мубориза бо коронавирус дубора карантини сартосарӣ ҷорӣ кард.
Ҳукумати Эстония рӯзи сешанбе дар ҷаласаи худ ба қароре омад, ки талаботҳои карантиниро барои беморони мубтало ба COVID-19 ва шахсони бо онҳо дар иртиботбуда то 31-уми декабр дароз кунад.
Сабаби асосии хуруҷи башиддати COVID-19 дар Русия ширкат дар тадорукоти умумӣ ва риоя накардани низоми маҳдудиятҳо буд. Дар ин бора ноиби сарвазири ин кишвар Татяна Голикова дар ҷаласа бо ширкати президенти Русия Владимир Путин иброз дошт.
Истифодаи воксани "Спутник V" барои одамони аз 60-сола боло танҳо баъди марҳилаи сеюми таҳқиқоти он иҷозат дода хоҳад шуд.
Созмони ҷяаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки самараи эмкунии умумӣ на пештар аз миёнаҳои соли оянда маълум мешавад.
Дар Мадрид ҳамаи муассисаҳои дилхӯшӣ ва поркҳо дубора баста мешаванд, аз хона баромадан танҳо барои рафтан ба кор ва ё таҳсил иҷозат дода мешавад.
Дар Нидерландия қабули беш аз се меҳмони калонсол дар хона манъ шуд.
Ҳамоиши ноябрии G20 дар низоми виртуалӣ баргузор мешавад, хабар доданд ҳукуматдорони кишвари мизбон Арабистони Саудӣ.
Шабонарӯзи гузашта дар минтақаҳои Русия 8232 ҳодисаи нави гирифторӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд, ки дар 27,6% беморон нишоне аз нишонаҳои ин беморӣ дида намешуд. Дар Москва 2300, дар Санкт-Петербург 251, Подмосковйе 209, вилояти Ростов 190, Нижегород 168, Воронеж 165, Кемерово 153, Ставропол 146, Свердлов 143 ва вилояти мухтори Ханти-Мансий 143 нафар мубталоёни нав сабт шуданд.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 167 ҳодисаи нави сироят ба коронавируси КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори бештари ин беморон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар, аз ҷумла, вилоятҳои Ботканд (55), Ош (38) ва Ҷалолобод (31) сабт шудааст.